Ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Содержание

Слайд 2

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон - Як муноқишаи байни қабилаи мусаллаҳ дар

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон - Як муноқишаи байни қабилаи мусаллаҳ дар

Тоҷикистон, байни тарафдорони ҳукумати марказӣ ва гурӯҳҳои мухталиф дар симои нерӯҳои оппозисиони тоҷик, баъд аз эълон намудани истиқлолият дар натиҷаи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (солҳои 1992-1997). Дар муқовимати шадид бештар бо охири моҳи августи соли 1992 то моҳи июли соли 1993, вақте ки кишвар дар асл ба ду қисм ҷудо шуда буд, рух дод. Аз тобистони соли 1993 шиддатнокии низоъ сар ба коҳиши, гарчанде баъзе гирдуҳамоҳиҳо то мусолиҳаи ҳизбҳои мухолиф 27 июни соли 1997 идома ёфт.
Слайд 3

1. Заминаҳои ҷанги шаҳрвандӣ 2.Рафти амалиётҳои ҷангӣ 3. Даври музокироти байни

1. Заминаҳои ҷанги шаҳрвандӣ

2.Рафти амалиётҳои ҷангӣ

3. Даври музокироти байни

тоҷикон

4.Комиссияи оштии миллӣ

5. Оқибатҳои ҷанг

Слайд 4

Заминаҳои ҷанги шаҳрвандӣ Воқеаҳои фоҷиавии аввали солҳои 90-уми ҷумҳурӣ ҳамчун саҳифаи

Заминаҳои ҷанги шаҳрвандӣ
Воқеаҳои фоҷиавии аввали солҳои 90-уми ҷумҳурӣ ҳамчун саҳифаи

сиёҳ ба таърихи халқи тоҷик дохил гардиданд. Ин воқеаҳо дар матбуоти даврӣ, китобу мақолаҳо бо чунин номҳо "ҷанги бародаркуш", "ҷанги шаҳрвандӣ", "ҷанги минтақавӣ", "ҷанги худкушӣ"ва ғайраҳо баён ёфтаанд.
Ҷанги бавуқӯъомада сабабҳои объективӣ ва субъективии худро дошт. Аввалан, дар рафти бозсозӣ чӣ дар миқёси Иттифок ва чӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилиҳои иқтисодӣ ба амал омаданд. Аз кор мондани баъзе корхонаҳо, ба фурӯш нарафтани маҳсулот, сари вақт нагирифтани маош, зиёд шудани миқдори бекарон то рафт норозигиро дар минтақа бештар мекарданд. Сониян, дар ибтидои солҳои 90-ум норозигии иҷтимоӣ шиддат гирифта, мардуми баъзе ноҳияҳо ба хӯрок, либос, пойафзол мӯҳтоҷӣ мекашиданд.
24 ноябри соли 1991 дар раъйпурсии умуми - халқӣ Раҳмон Набиев, ки бо ҷамъоварӣ 56.92% овозҳо Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистонинтихоб шуд. Рақиби асосии ӯ Давлат Худойназаров, ки аз ҷониби Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломӣ, миллӣ-демократии Ҷунбиши "Растохез" ва рӯҳониёни мусулмон дастгирӣ карда шуд, соҳиби 30% овозҳо гашт.
Слайд 5

Рафти амалиётҳои ҷангӣ Дар Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 1991 нишонаҳои

Рафти амалиётҳои ҷангӣ
Дар Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 1991 нишонаҳои

мухолифат тезу тунд шуданд. Октябри соли 1991 ва марти соли 1992 ду воқеае ба амал омад, ки онҳо мухолифатҳои ниҳониро ба умум ошкор намуданд. Воқеаи аввал, ин 5 октябри с. 1991 дар иҷлосияи Шӯрои Олии ҶТ боло гирифтани баҳси байни имомхатаби шаҳри Кулоб Мулло Ҳайдар Шарифзода ва қозии ҷумҳурӣ Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода ба ҳисоб меравад. Ҳ. Шарифзода А. Тураҷонзодаро барои норасоиҳои молиявӣ, худсариҳои ҳизби наҳзати ислом танқид намуд. Чунин ҳолат аксари руҳониёни ноҳияҳои Марказӣ ва Ҷанубии ҷумҳуриро ба ду гурӯҳи ба ҳам муқобил ҷудо намуд.
Слайд 6

Воқеъаи дуюм, ин бегоҳии 25 марти с. 1992 суханронии раиси Шӯрои

Воқеъаи дуюм, ин бегоҳии 25 марти с. 1992 суханронии раиси Шӯрои

Олии ҶТ Сафаралӣ Кенҷаев ба воситаи оинаи нилгун буд, ки вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ М. Навҷувоновро ба зери танқид гирифта, масъалаи аз вазифа сабукдӯш намудани ӯро гузошт. Рӯзи дигар, 26 март с. 1992 бо ташаббуси ҷамъияти «Лаъли Бадахшон» наздикони вазир, барои дифои М. Навҷувонов дар назди қасри Президент гирдиҳамоии эътирозӣ намуданд. Бо онҳо тарафдорони ҳизби наҳзати ислом ҳамроҳ гардида роҳбарии майдонро (майдони «Шаҳидон») ба дасти худ дароварданд. Ҳозирини майдони «Шаҳидон», аксарият аз минтақаҳои Ғарму Бадахшон ва вилояти Қурғонтеппа нисбати Ҳукумат ва Шурои Олии ҶТ суханҳои танқидӣ гуфта, истеъфоашро талаб мекарданд. Гирдиҳамои рӯз ба рӯз характери зиддиҳукуматӣ ва зиддикоминистиро мегирифт. Президент Р. Набиев бепарвои зоҳир намуда, оқибатҳои чунин вазъиятро дарк карда натавонист.
21 апрели с.1992 мухолифин 20 нафар ҷонибдорони Ҳукуматро гаравгон гирифтанд, аз ҷумла 16 вакилони Шурои Олӣ ва 2 муовини сарвазири мамлакат. Рӯзи дигар Сафаралӣ Кенҷаев аз вазифаи Раиси Шурои Олии ҶТ ба истеъфо баромад ва Акбаршо Искандаров раиси Шӯрои Олии ҶТ гардид. 26 апрели с. 1992 дар майдони дигари Душанбе, ки он вақт майдони «Озодӣ» ном гирифта буд, ба тарафдории ҳукумати расмӣ гирдиҳамоии нав ба амал омад,аксарияти иштирокчиёни он аз минтақаҳои Ленинободу(ҳоло вилояти Суғд) Кулоб ва Қурғонтеппаву водии Ҳисор буданд. Мардум, нисбат ба ҳамдигар истифода бурдани суханҳои таҳкиромез «вовчик» (нисбати гирдиҳамомадагони майдони «Шаҳидон») ва «юрчик» (нисбати гирдиҳамомадагони майдони «Озодӣ»), вазъиятро муташанниҷ гардонида буд.
Слайд 7

Иштирокчиёни ҳар ду майдон рӯз ба рӯз зиёд мегардиданд ва бо

Иштирокчиёни ҳар ду майдон рӯз ба рӯз зиёд мегардиданд ва бо

роҳҳои гуногун мусаллаҳ мешуданд. 1 майи соли 1992 Президент Р. Набиев бо фармони хеш Горди миллиро таъсис намуда ба ҷонибдоронаш 1800 автомат таксим намуд.
5 майи соли 1992 дар роҳи Душанбе-Ёвон,назди ҷамоаи Оли совет аввалин задухурди хунини байни тарафҳои муқовимат руй дод. Ин амал ба муташаниҷ гардидани вазъият дар Душанбе ва огози ҷанги шаҳрвандӣ сабаб гардид.
Фоҷиаи хунини 5 майи соли1992, ки дар ҷамоаи Оли Совет руй дода буд, ба амалиёти зидди ҳукуматии мухолифин дастак шуд. Ҳамон бегоҳ, мухолифин ТВ ҷумҳуриро забт намуда ба воситаи он ташвиқоти зидди ҳукуматиашонро сар карданд. 6 май дастаҳои мухолифин бинои аэропорт ва вокзалро зери назорат гирифтанд. Милитсия, ОМОН қисман бетараф ва қисми дигар ҷонибдори мухолифин гардид. Мушовири Президент оид ба масъалахои ҳарби, генерал-майор Баҳром Раҳмонов, ки ба зимаи у муҳофизати бинои Ҳукумати ҶТ вогузошта шуда буд, бо техникаву аслиҳа ба ҷониби мухолифин гузашт.
Президент Р. Набиев дар бинои Кумитаи амнияти миллӣ паноҳ бурд. 10 май ҷонибдорони мухолифин бо мақсади «сарнагун намудани хукумати Президент Р. Набиев» ба чониби Кумитаи амнияти миллӣ рохпаймои намуданд. Дар инҷо задухурд ба амал омад, ки дар натича 14 нафар аз намоишчиён халок гардиданд. Ба задухурд харбиёни гарнизони дивизияи 201 Русия, ки бо танку БТР-хо ба чойи муқовимат омаданд, хотима доданд. Баъди ин фоҷеаи хунин намоишгарони майдони «Шаҳидон» (ҷонибдорони мухолифин) Душанберо тарк намуданд.
Слайд 8

14 майи соли 1992 ҳукумати эътилофӣ (коалитсионӣ) ба ном «Ҳукумати муросои

14 майи соли 1992 ҳукумати эътилофӣ (коалитсионӣ) ба ном «Ҳукумати муросои

миллӣ» ташкил карда шуд. Ба он А. Искандаров, Д. Усмон, Х. Холиқназаров, З. Вазиров, М. Мираҳимов ва дигарон шомил буданд. Вале «Ҳукумати муросои миллӣ» барои пешгирии ҷанг коре карда натавонист. Баръакс, худи ҳамон рӯз дар Душанбе, дар назди бинои Кумитаи амнияти миллӣ, дар байни тарафҳои муқовимат, бархӯрди хунин ба амал омад. Дар натиҷа 8 нафар кушта ва 41 нафар захмӣ гардиданд. Бо ҳамин алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ Душанберо фаро гирифт.
Дар аввали мохи июни соли 1992 муковимати мусаллаҳонаи ҷонибдорони президент Р.Набиев ва мухолифин аз Душанбе ба вилояти Қурғонтеппа гузашт. Зеро 18 июни соли 1992 гурухи калони силохдороне, ки бо 2000 силох Душанберо тарк карда буданд савори чанд Мошини зирехпуш ва КАМАЗхо вориди Кургонтеппа шуданд. Онхо мехостанд, ки дар Кургонтеппа Абдулло Саидовро боздошт карда, сипас ба Кофарнихон омада Турачонзода Акбарро дастгир намоянд. ҳангоми сафар ба хоҷагии Туркманистон ба мукоимати шадиди тарафдорони Абдулло Саидов рубару шуданд. Гурухи силохдорон, ки ба самти хоҷагии "Дружба" кафо нишастанд, аз чониби нафарони Абдулло дунболгир карда шуданд.Ва кисми зиёди он парронда шуд. Як кисми ками силохдорон ба худуди совхози "Москва" омада, раштитаборонро барои мачлис ба кулуби колхоз даъват карда беш аз 94 нафарро он чо парронданд. Ин огози чанги хунин буд.19 июн дар Душанбе таҳти сарварии муовини раиси Ҳизби нахзати исломии Тоҷикистон Давлат Усмон ва Раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Шодмон Юсуф Штаби «Наҷоти Ватан» таъсис ёфт, ки ба он тарафдорони мухолифин шомил шуданд.
Слайд 9

27 июни соли 1992 дар Қурғонтеппа задухурди мусаллахонаи ҷонибдорони президент Р.Набиев

27 июни соли 1992 дар Қурғонтеппа задухурди мусаллахонаи ҷонибдорони президент Р.Набиев

ва мухолифин руй дод. ҷонибдорони Набиев аз Кулоб ба воситаи радиои махали дар бораи хучуми мухолифин ба нохияи Вахш ва зулму куштори аҳолии ноҳия хабар дода, сокинони аз Кулобу Ленинобод муҳоҷиршуда ва узбекҳои Қурготеппаро ба муқобилияти зидди мухолифин даъват намуданд. Дар натиҷаи задухурди тарафайн мувофиқи маълумоти ВКД-и Тоҷикистон 35 наф. ҳалок гардида зиёда аз 50 наф. захмдор шудаанд. Ин воқеа боиси тарсу ваҳми мардум ва муҳоҷиршавии хазорон сокинони вилояти Қургонтеппа (асосан зодагони вилоятхои Кулобу Ленинобод ва узбекону дигар миллатҳо) гардид.
 Ҷанги шаҳрвандӣ ноҳияҳои водии Ҳисор ва Вахшро фаро гирифт. Ноҳияҳои вилояти Кулоб гирифтори бумбасти иқтисодӣ гардиданд. «Ҳукумати муросои миллӣ», ки дар асл ба ихтиёри мухолифин гузашта буд, чанд маротиба ба ноҳияҳои вилояти Кулоб корвони хуроки ва молхои ниёзи мардумро фиристод, аммо мошинхоро горат ва ронандагонро ба асорат мегирифтанд. Дар натича ронандагон минбаъд баро ба Кулоб рафтан саркаши мекарданд.Хукумати Муросои милли мехост ороми бошад, аммо нафароне буданд, ки инро намехостанд.Ва аз чониби гуруххои махсуси разведкаи яке аз кишвархои хамсоя кушта шудани муовини раиси комичроияи вилояти Кулоб-Сангов ин гуфтахоро тасдик мекунад. Сангов бояд ба Р. Набиев вохурда ваколатии Раиси комичроияи вилояти Кулобро кабул мекард. Аммо уро аз кабулгохи Президенти вакт дошта пинхони бурда парронданд ва часади уро ба Кулоб интикол доданд, ки "бинед Санговро, барои нон ба Душанбе рафта буд чи гуна бо сангдили парронданд.Ин кори гурухи сеюм буд.Акнун душманон хамачо овозахои дахшатнокро пахн мекарданд. Агар ноҳияҳои водии Вахшро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта бошад, пас аҳолии вилояти Кулобро гуруснагӣ, фаро гирифта буд."Тобистони соли 1992 баъд аз густариши даргириҳо дар водии Вахш, дар ҷануби Тоҷикистон, даҳҳо ҳазор нафар аз сокинон ба манотиқи амн паноҳ бурданд. Минтақаи Кӯлоб, маҳалли аслии фаъъолияти тарафдорони давлати кумунистии вақт, дар муҳосира қарор гирифт.Мардум ҳатто нони хӯрдан надоштанд. Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ, ки бархе аз раҳбарони гурӯҳҳои исломгаро ва демукротик шомили он буданд, натавонист вазъиятро ором кунад."
Слайд 10

Аксарияти муҳоҷирон ба вилояти Кулоб ва шаҳри Душанбе, дигарон дар ноҳияҳои

Аксарияти муҳоҷирон ба вилояти Кулоб ва шаҳри Душанбе, дигарон дар ноҳияҳои

гуногуни ҷумҳури ва давлатҳои ИДМ паноҳ бурданд. Тобистони соли 1992 бо шиддат ёфтани муковимат муҳоҷиршавии кавму маҳалҳои Ғарму Бадахшон низ ба вукуъ омад. Муҳоҷирони иҷбории дохилӣ ( мувофики маълумоти УВКБ СММ дар соли 1992) тахминан 1 млн. наф. ва дар давлатҳои ИДМ 195 ҳаз. наф. ташкил мекард.
29 июн дар Қургонтеппа ва 27 июли соли 1992 дар Хоруғ ду маротиба байни роҳбарони тарафҳои мукобил ва кумондонони саҳроии Кулоб ва мухолифин "шартномаи оташбас" ба имзо расида буд, Вале ин шартномаҳо аз ду ҷониби муқовимат риоя нагардида ҷанги шаҳрвандӣ давом мекард.
Дар Душанбе мухолифин мавқеи худро рӯз аз рӯз мустаҳкам менамуд. 24 августи 1992 аз ҷониби мухолифин додситони генералии ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоев кушта шуд. Ин амали терористии мухолифин гирдиҳамоии эътирозии сокинони ҷумҳуриро ба миён овард. Дар ин гирдиҳамоиҳо намоишчиён ба «Ҳукумати муросои миллӣ» нобоварӣ изҳор намуданд.
31 августи соли 1992 гурухи мусаллахонаи «ҷавонони Душанбе» ҳамроҳи гурезаҳои вилоятҳои Қурғонтепа ва Кулоб қасри Президентро забт намуда 48 наф. аъзоёни Ҳукумати ҶТ ва диг. ба гарав гирифтанд. Мухолифин ва муовини Раиси вилояти Кулоб Санговро куштанд. Президент Р. Набиев дар гарнизони дивизияи 201 Русия паноҳ бурда буд. Президент Р. Набиев, аз тарс як ҳафта дар Қаратоғ пинҳон шуд.
2 сентябр аъзоёни Ҳукумати ҶТ зери фишори мухолифин ба «Изҳорот дар бораи нобовари ба Президенти ҶТ Р. Набиев»-ро имзо намуданд. 4 сентябр дар Душанбе бояд иҷлосияи Шурои Олии ҶТ даъват мегардид. Ҳамин рӯз дар Қургонтеппа ҷонибдорони Р. Набиев бо ташаббуси фармондехи дастаҳои муқобилиятнишодеҳии Кулоб Сангак Сафаров гирдиҳамои ташкил намуданд. Мухолифин ба намоишчиён ҳуҷум карданд, задухурди навбатии хунин ба амал омад, садҳо куштаву захмдор шуданд. Иҷлосияи Шурои Олии ҶТ, ки бояд 4 сентябр даъват мегардид, ба таъхир андохта шуд ва баргузор нагардид.
Слайд 11

7 сентябрсоли 1992 Р. Набиев ба кор баромад ва ҳангоми ба

7 сентябрсоли 1992 Р. Набиев ба кор баромад ва ҳангоми ба

сӯи Хуҷанд гурехтан, дар фурудгоҳи Душанбе, аз тарафи гурӯҳи мусаллахонаи мухолифин маҷбур карда шуд, ки аз вазифаи президентӣ ба истеъфо барояд. "Ҳафтуми сентябри соли 1992 Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳури вақти Тоҷикистон, ҳангоме ки мехост аз Душанбе ба Хуҷанд парвоз кунад, аз сӯйи гурӯҳе аз шибҳинизомиёни мухолифи давлат гаравгон гирифта шуд. Таҳти фишори ин гурӯҳ ӯ аз мақомаш истеъфо дод. Ин ҳодиса хашми тарафдорони Набиевро барангехт. Гурӯҳҳои тарафдори давлат дар Кӯлобу Хуҷанд ва водии Ҳисор истеъфои ӯро ғайриқонунӣ медонистанд.
Дар ҳар тараф гурӯҳҳои мусаллаҳ таъсис ва раҳбаре барои онҳо пайдо мешуд. Дар шаҳри Кӯлоб Ҷабҳаи халқӣ ба роҳбарии Сангак Сафаров, як сокини ин шаҳр, таъсис ёфт, ки ҳадафи худро барқарории ҳукумати қонунӣ медонист. Худи Сангак Сафаров фарде буд, ки то замони истиқлоли Тоҷикистон ба иттиҳоми қатл беш аз 20 соли умрашро дар зиндонҳои шӯравӣ сипарӣ карда буд." 
Ҳамин тавр, дар Душанбе ҳокимият пурра ба ихтиёри мухолифин гузашт. Дар чунин ҳолат Шӯрои Олии ҷумҳурӣ озодона фаъолият карда натавонист. Мухолифин ҳар лаҳза намояндагони мардумӣ ва аъзоёни ҳукуматро, ки аз рӯи нақшаи онҳо амал намекарданд, гаравгон мегирифтанд. Радио ва оинаи нилгуни ҷумҳурӣ ҳам дар ихтиёри тарафи мухолифин буд.
Слайд 12

Хулоса, рукнҳои давлатдорӣ дар Тоҷикистон фалаҷ гардида буд. Чунин ҳолат зарурияти

Хулоса, рукнҳои давлатдорӣ дар Тоҷикистон фалаҷ гардида буд. Чунин ҳолат зарурияти

таъсис намудани ҳокимияти нави қонунии ҷумҳуриро ба вуҷуд овард, ки онро бояд ҳар ду тарафи муқобил эътироф намоянд. Чунин ҳокимиятро бояд иҷлосияи Шӯрои Олии ҶТ , ки салоҳияти ҳуқуқӣ дошта буд ташкил медод. Тобистони соли 1992 барои омузиши вазъи харбию сиёси аз шахри Чирчики Чумхурии Узбакистон бригадаи таъиноти махсуси 14-15 ба вилояти Кургонтеппа фиристода шуданд. Ислом Каримов пеш аз сафар бо полковник Чубаров вохурда мегуяд, ки" Барои Тоҷикистон мусикиро мо фармоиш медихем" Ва онхо барои таъсиси "Фронти халки" талош меварзанд. Баъди истеъфои Р. Набиев задухурдҳои байни мухолифин ва дастаҳои мусуллаҳонаи Кулоб дар вилояти Қурғонтеппа авч гирифтанд. Дар асоси иттифоки тарафайни кулобиҳову ҳиссориҳо «Фронти халқии Тоҷикистон»(Ҷабҳаи халқӣ) ташкил ёфт, ки ҳадафи асосиашон барқарор намудани «сохти конститутсионӣ» дар Тоҷикистон гардид. Пешвоёни сиёсии «Фронти халқии Тоҷикистон» аз Кулоб - «авторитети» ҷинояткорон Сангак Сафаров ва санъаткор Рустами Абдурахим, аз водии Ҳисор - собиқ раиси Шӯрои Олии ҶТ Сафаралӣ Кенҷаев буданд.
Сентябр-октябри соли 1992 ҷангҳои хунин дар ш. Қурғонтеппа мегузаштанд. "Фронти халки"-ро русхо бо техникаи зиреҳпуш ва аслиҳаи вазнинро таъмин мекарданд. Ва онхо дар набардхо аз Танкхои "Т-82" истифода мебурданд . Террору куштори бераҳмона нисбати аҳолии осоишта аз руи маҳалҳои қавмиашон (кулобиву гармиву, дарвозиву, бадахшониву узбекҳо) аз чониби тарафҳои мухолиф истифода бурда мешуд.
Сентябри соли 1992 дастаҳои Фронти халқи дар водии Ҳисор ташкил ёфтанд.Онхо дар ин води ба куштори зодагони Раштонзамин сар карданд. Аввалин курбонии онхо сохибкор Ахлиддин Хомидов буд, ки дар Хисор таъсис ёфтани Фронти халкиро фахмида барои фахмидани максадхои онхо ба наздашон рафт. Уро бо ронандааш дар Хисор парронданд.Бо хамин вазъ дар ин води ноором шудан гирифт. Аз вилояти Кулоб бо сардории Курбони "муш" як гурухи чангиён ба Хисор омаданд. Онхо ба Хисорихо маслихат медоданд, ки аз 7 сола хамаи тоҷикони асили гармиву помириро куштан даркор. Гурӯҳи нави Турсунзодаву Ҳисор зидди мухолифин ба вуҷуд омад. Субҳи 24 октябр соли 1992 ин гурӯҳ бо сарварии Сафаралӣ Кенҷаев ва Рустами Абдураҳим ба Душанбе ҳуҷум намуда қасри Президент ва Маркази радиоро ишгол намуданд. Задухурди тарафҳо дар Душанбе бо маглубияти «ҳисориҳо» анҷомид. Дар он даххо одамон, аз чумла Рустами Абдураҳим кушта шуданд. Баъди маглубият дар Турсузодаву Шаҳринаву Ҳисор терори зидди тоҷикони асили гармиву бадахшони сар шуд ва роҳи оҳани Турсунзода – Душанбе вайрон карда шуд. Муҳосираи иктисодии Душанбе ва ноҳияхои водии Ғарму Бадахшони кӯҳи огоз гардид.
Слайд 13

Аз 26 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд

Аз 26 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд

(вилояти Ленинобод) иҷлосияи XVI Шурои Олии ҶТ шуда гузашт. Дар иҷлосия Президент Р. Набиев ва Раиси Шурои Оли Акбаршо Искандаров аз вазифаҳояшон сабукдуш шуданд (Сафарали Кенҷаев, собик раиси Шурои Олии ҶТ ҳамин вакт, аз ҷониби кормандони тартиботи ҳуқуқи боздошт шуда буд). 19 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҳукумати вилояти Кулоб дар натиҷаи овоздиҳии вакилон Раиси Шурои Олии ҶТ интихоб гардид. 26 ноябр кумондонони саҳроии «Фронти халқии Тоҷикистон» ва «Артиши халқи-демократи»-и мухолифин созишномаи сулҳро ба имзо расониданд. Пешвоёни мухолифин аз ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии ба Хуҷанд наомаданд. Сарвазири Ҳукумати нави ҶТ Абдумалик Абдуллоҷонов таъин шуд. Дар ҳайати нави Ҳукумати ҶТ ягон намояндаи мухолифин таъин нашуда буд. Ба Конститутсия тагйирот ворид карда шуда ваколати Президенти ҶТ муваққатан (то интихобот) боз дошта шуд. Ваколати Сардори давлат ба раёсати Шурои Олии ҶТ гузошта шуд.
Дар рафти кори иҷлосияи XVI Шурои Олии ҶТ охири ноябр - декабри с. 1992 аз ноҳияҳои чануби ба Афгонистон тахминан 60 ҳазор нафар, асосан аз қавмҳои гармиву дарвозиву бадахшони гуреза шуданд. Аз байни онҳо солҳои минбаъд дастаҳои мусаллаҳи мухолифин дар Афгонистон ташкил шуда буданд.
Вале Сафарали Кенҷаев, ки дар роҳбарияти нави мамлакат ба ягон мансабе соҳиб нашуд, бо дастаҳои ба худ содиқи ҳиссориҳо ба Душанбе ҳучум сар кард. Кисми гарбии пойтахт аз тупҳои «Град» охири ноябр ва аввали декабри соли 1992 тирборон карда шуд. 4 декабр сарварони «Артиши халқи-демократи»-и мухолифин ба воситаи радио эълон намуданд, ки ба Роҳбарияти нави чумҳури бо сарварии Э. Раҳмон итоат намекунанд. 10 декабр соли 1992 батальони махсуси (ки бо кумаки бевоситаи Узбекистон бо зиреҳпушхову аслиҳаи мусаллаҳ шуда буд) вазири корҳои дохилии ЧТ Ёқуб Салимов якчоя бо дастаҳои «Фронти халқии Тоҷикистон» ба Душанбе дохил гардида пойтахтро ишгол намуданд. Қувваҳои мухолифини дар Душанбе буда, ба қувваҳои ҳукумати муқобилияти сахт нишон надода, асосан ба сӯи ноҳияи Кофарниҳон (Ваҳдат) ақиб гаштанд. Маҳз чунин ҳолат Душанберо аз харобии зиёд эмин нигоҳ дошт.
Слайд 14

Дар шаҳри Ваҳдат мухолифин то 20 декабр муқобилият нишон дода, ба

Дар шаҳри Ваҳдат мухолифин то 20 декабр муқобилият нишон дода, ба

водии Рашт қафо гаштанд. Баъди забт намудани Душанбе, аз ҷониби «Фронти халқии Тоҷикистон» Дар Душанбе муқобили қавмҳои гармиву бадахшонӣ таъқибу террор сар шуд. Якчанд рӯз дар шаҳр ҷиноякорони мусаллаҳ ҳукумрони мекарданд. Намояндагони ҳизбу ҳаракатхои мухолифин дастгир ва ҳабс карда шуданд.
Соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон ба ташкили Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҳукуматхои маҳаллӣ дар водии Вахшу Ҳисор машғул буд. Бисёриҳо ба он дохил шудан намехостанд, чунки ба устувору мустаҳкамшавии он шубҳа доштанд. Дар мамлакат асосан қумондонони саҳроии «Фронти халқии Тоҷикистон» ҳукумрони менамуданд ва ба Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонҳ итоат намекарданд. Тобистони соли 1993 пули Анзоб дар роҳи автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд тарконида шуд. Декабри соли 1993 вакилони вилояти Ленинобод ба иҷлосияи Шурои Олии ҶТ хозир нашуданд. Роҳбарияти вилояти Ленинобод таклиф мекард, ки идоракунии Президенти барқарор карда шуда вилоят ба минтакаи озоди иктисоди табдил дода шавад. Дар иҷлосияи Шӯрои Олии ҶТ қарор карда шуд, ки интихоботи Президент ва Конститусияи нав қабул карда шавад.
 Дар водии Ғарм, ки тартиботи исломи ҷори шуда буд, ҷанги қуввахои мухолифин бо хукумат давом меёфт. 21 июни соли 1993 коллегияи судии Суди Олии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии мухолифинро манъ кард. Дар сарҳади Афғонистон, ки сарҳадбонони Русия муҳофизат менамуданд, амалиётхои терористи зиёд шуданд. 13 июли соли 1993 муҷоҳидони афғон (200 нафар) ба заставаи 12 сарҳадбонони Русия ҳуҷум овард. Бо ёрии қисмҳои ҳарбии дивизияи 201 Русия муҷоҳидон аз худуди ҷумҳури пеш карда шуданд. Дар ҷанги нобаробар 25 нафар сарҳадбонон кушта шуданд.
Слайд 15

Даври музокироти байни тоҷикон Даври якум 5-19 апрели соли 1994 дар

Даври музокироти байни тоҷикон
Даври якум 5-19 апрели соли 1994 дар

шаҳри Маскав
Даври дуюм 18 - 28 июни соли 1994 дар Теҳрон
Даври сеюм 20 октябр - 1 ноябри 1994 дар Исломобод
Даври чорум 22 май - 1 июни соли 1995 дар шаҳри Алма-Ато
Даври панҷум дар Ашқобод
Марҳилаи якум ноябри соли 30 - 22 Декабр, 1995
Марҳилаи дуюм январ 26 - 18 феврали соли 1996
Марҳилаи сеюм 8-21 июли соли 1996
Даври шашум 5-19 январи соли 1997 дар Теҳрон
Даври ҳафтум феврал 26 - 8 марти соли 1997 дар шаҳри Маскав
Даври ҳаштум дар Теҳрон
Марҳилаи якум 9-16 апрели соли 1997
Марҳилаи дуюм 22-28 майи соли 1997
Слайд 16

Илова бар ин баргузор шудани се даври машваратҳои фосилавӣ Ҳукумати ҶТ

Илова бар ин баргузор шудани се даври машваратҳои фосилавӣ Ҳукумати ҶТ

ва нерӯҳои оппозисиони тоҷик:
Даври якумм - сентябри соли 12-17, соли 1994 дар Теҳрон
Даври дуюм - моҳи феврали соли 1995 дар шаҳри Маскав, Душанбе, Исломобод, Теҳрон.
Даври сеюм - 19-26 апрели соли 1995 дар Маскав.
Гуфтушунид ва ба имзо ҳуҷҷатҳои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Роҳбари ИМТ Саид Абдулло Нурӣ
Мулоқоти якум - 17-19 майи соли 1995 Баёнияи муштараки (Кобул).
Мулоқоти дуюм - 19 июли соли 1995 - августи соли 1995 Изҳороти муштарак (Теҳрон).
Мулоқоти мукотиба - Протокол «Дар бораи принсипҳои асосии истиқрори сулҳ ва ризоияти дар Тоҷикистон» аз 17 августи соли 1995 (дар алоҳидагӣ ба имзо расид).
Мулоқоти сеюм - 10-11 декабри соли 1996 Баёнияи муштаракӣ. Протокол «Дар бораи танзими вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ дар минтақаҳои ҷангӣ» 11 декабри соли 1996 (Хосдеҳи - Шимол дар Афғонистон).
Мулоқоти чорум - 23 декабри соли 1996 Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари ИМТ. Протокол «Дар бораи вазифаҳои асосӣ ва ваколатҳои Комиссияи оштии миллӣ», 23 декабри соли 1996 Изҳороти муштарак (Москва).
Мулоқоти панҷум - 20-21 феврали соли 1997 Протоколи иловагӣ ба Протокол «Дар бораи вазифаҳои асосӣ ва ваколатҳои Комиссияи оштии миллӣ» аз 21 феврали соли 1997 Низомномаи Комиссияи оштии миллӣ (Машҳад).
Мулоқоти шашум - 16-18 майи соли 1997 дар шаҳри Бишкек Ёддошти. Протокол «Дар бораи масъалаҳои сиёсӣ» аз 18 майи соли 1997 дар Бишкек
Слайд 17

27 июни соли 1997 ҳуҷҷатҳои зерин дар Маскав ба имзо расид:

27 июни соли 1997 ҳуҷҷатҳои зерин дар Маскав ба имзо расид:


Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон
Ёддошти тафоҳум байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сардори мухолифини тоҷик Саид Абдулло Нури
декларатсияи Маскав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, Роҳбари ИМТ Саид Абдулло Нури, ва Намояндаи махсус дабири кулли СММ Г.Д. Меремма
«Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» дар якҷоягӣ дар давоми моҳи апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 меорад як бастаи ҳуҷҷатҳо (протоколҳои, созишнома), ба имзо дар ҷараёни музокироти тоҷикон байни ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари ИМТ таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид. Созишномаи умумӣ нӯҳ мегирад ҳуҷҷатҳои:
Протокол дар бораи принсипҳои асосии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (то 17 августи соли 1995 ба имзо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари ИМТ).
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Роҳбари ИМТ Саид Абдулло Нури , дар шаҳри Маскав 23 декабри соли 1996
Протокол дар бораи вазифаҳои асосӣ ва ваколатҳои Комиссияи оштии миллӣ (имзошуда аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари ИМТ дар Масква 23 декабри соли 1996).
Дар мавқеи Комиссияи оштии миллӣ (21 феврали соли 1997 ба имзо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари ИМТ дар Машҳад).
Протоколи иловагӣ ба Протокол «Дар бораи вазифаҳои асосӣ ва ваколатҳои Комиссияи оштии миллӣ» (21 феврали соли 1997 дар Машҳад ба имзо расид).
Протоколи гуреза (дар 13 январи соли 1997 дар Теҳрон ба имзо расид).
Протокол оид ба масъалаҳои низомӣ (8 марти соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид).
Протокол оид ба масъалаҳои сиёсӣ (18 майи соли 1997 ба имзо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари ИМТ дар Бишкек).
Протокол оид ба кафолати татбиқи Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (дар 28 майи соли 1997 дар Теҳрон ба имзо расид).
Слайд 18

Комиссияи оштии миллӣ Комиссияи Оштии Миллӣ (КОМ) тибқи ҳуҷҷатҳои «Созишномаи умумӣ»

Комиссияи оштии миллӣ
Комиссияи Оштии Миллӣ (КОМ) тибқи ҳуҷҷатҳои «Созишномаи умумӣ»

дар байни намояндагони ҳукумат ва мухолифин ( 26 нафар аз ҳукумат ва 13 нафар аз мухолифин) ташкил ёфтааст (1997- 2000).
КОМ нахустин мулоқоти худро 4-11 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав баргузор кард ва ба кори худ дар шаҳри Душанбе 15-уми сентябри соли 1997 оғоз кард
КОМ фаъолияти худро баъд аз интихоботи парлумонӣ ва даъвати Парлумони нави Тоҷикистон қатъ кард - Маҷлиси Олӣ, 1 апрел, соли 2000
Дар рафти фаъолияти КОМ дар Тоҷикистон муқаррароти асосӣ: Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27 июни соли 1997 кардаанд, амалӣ карда шудаанд.
Сарвари КОМ Саид Абдуллои Нурӣ
Ҷониши сарвари КОМ Абдулмаҷид Достиев
Слайд 19

Ин комиссия аз чор зер комиссия иборат буд : Комиссия оид

Ин комиссия аз чор зер комиссия иборат буд :
Комиссия оид

ба корҳои сиёсӣ
Иброҳим УСМОНОВ - Раис(Ҳукумат)
Раҳим МАСОВ - Аъзо(Ҳукумат)
Ҳомид ПӮЛОДОВ - Аъзо (Ҳукумат)
Ниёзов Ҷумъа Ҳайдарович - Аъзо (ИМТ)
Абдунабӣ Сатторзода - Аъзо(ИМТ)
Муҳаммадшариф Ҳимматзода - Аъзо(ИМТ)
Комиссия оид ба корҳои ҳарбӣ
Ҳабибулло САНГИНОВ - Раис(ИМТ)
Абдураҳим КАРИМОВ - Аъзо(ИМТ)
Атобек АМИРБЕКОВ - Аъзо(ИМТ)
Хайрулло ХАЙДАРОВ - Аъзо(Ҳукумат)
Тағой РАҲМОНОВ - Аъзо(Ҳукумат)
Абдуманон АБДУРАЗЗОҚОВ - Аъзо(Ҳукумат)
Комиссия оид ба корҳои ҳуқуқӣ
Отахон Латифӣ - Раис(Ҳукумат)
Қиёмиддин ҒОЗИЕВ - Аъзо(ИМТ)
Файзиддин ШОМАҲМАДОВ - Аъзо(ИМТ)
Халифабобо ҲАМИДОВ - Аъзо(Ҳукумат)
Шермаҳмад ШОЕВ - Аъзо(Ҳукумат)
Зариф АЛИЕВ - Аъзо(Ҳукумат)
Комиссия оид ба гурезагон
Шукурҷон Зуҳуров - Раис(Ҳукумат)
Бозгул Додхудоева - Аъзо(Ҳукумат)
Кароматулло Олимов - Аъзо(Ҳукумат)
Муҳаммадали ФАЙЗМУҲАММАДОВ - Аъзо(ИМТ)
Мансур ЧАЛИЛЗОДА - Аъзо(ИМТ)
Мирзомуҳаммади МИРЗОҲОДИЕВ - Аъзо(ИМТ)
Слайд 20

Оқибатҳои ҷанг Дар натиҷаи ҷанг танҳо дар солҳои 1992-1993 60,000 нафар

Оқибатҳои ҷанг
Дар натиҷаи ҷанг танҳо дар солҳои 1992-1993 60,000 нафар

кушта шуда ва бисёре аз онҳо бедарак шудаанд .
Зиёда аз 60,000 нафар ба Афғонистон гурехтанд ва 195.000 ба давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, асосан ба Ӯзбакистон, Русия ва ғайра овора шуданд. Шумораи шахсони дар дохили кишвар қариб ба 1 миллион нафар расид.
35723 хонаҳои нобуд шуданд.
Дар натиҷаи ҷанги 25,000 занон бе шавҳар монданд, 53.000 кӯдакони ятим.
61 муассисаи тиббӣ пурра аз кор баромаданд . Дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон, бисёре мактабҳо ғорат ва нобуд карда шуданд.
Дар натиҷаи низоъ дохилии 1992-1993. маблағи умумии зарари моддӣ ба маблағи зиёда аз 10 млрд $
Дар давоми ҷанг, иқтисодиёт суст шудааст. Тоҷикистон яке аз камбизоаттарин кишварҳои ҷаҳон буд. Шумораи зиёди гурезагон кишварро тарк намуданд. Бисёре аз тоҷикон ба Афғонистон муҳоҷират. Ҳарчанд низоъ қариб кард тамоюли зидди Русия, қариб тамоми мардум русӣ, инчунин олмониҳо, украинҳо, яҳудиён ва дигар одамони ғайридавлатӣ таҳҷоӣ маҷбур шуданд, паноҳ Русия ва дигар кишварҳо гирифта намешавад. Дар натиҷаи амалишавии низоъ ба воситаи миёнаравии созмонҳои байналмилалӣ ба ватани худ дар атрофи 800 ҳазор гуреза Тоҷикистон аз Афғонистон баргардонида шуданд, Покистон, Эрон ва кишварҳои ИДМ. Њукумати ЉТ бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ, хусусан ба гурезагон кардааст, кори зиёде барои бозгашти онҳо ба хонаҳои, офиятбахшї ва ташкили манзил ва эътимод бинои чорањои ба онҳо дода мешуд. Ғайр аз ин, ҷанги ва бад гардидани таъминоти оби тоза боиси эпидемия аз домана :. зиёда аз 26 ҳазор ҳолатҳое, ки дар соли 1997, ки аз он 337 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ҳодисаҳои домана дар соли 1997 497.8 ба 100 ҳазор аҳолӣ буд, алалхусус, дар шаҳри Душанбе, сарафроз шуд -. 1904,2 ба 100 ҳазор аҳолӣ . Барои муқоиса -. Дар ҳодисаҳои ҶШС Тоҷикистон то соли 1990 он 34,4 ба 100 ҳазор аҳолӣ буд.
Дар бораи таҷдиди мамлакат солҳои зиёд сурат гирифт. Дар ин ҳолат, як кӯмаки бебаҳо ба Тоҷикистон дошт, ҷомеаи байналхалқӣ - ташкилотҳои байналмилалӣ, институтҳои молиявии байналхалқӣ ва минтақавӣ, созмонҳои байналмилалии ғайриҳукуматӣ ва кишварҳои алоҳида, ки дар татбиқи барқарорсозии ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона, техникӣ ва молиявӣ таъмин карда мешавад.